
ДАНҒАРА. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо мақсади анҷом додани суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии "Корхонаи истеҳсолии зотпарварии Данғара" хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Камолиддинзода Ҷомӣ – корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок карда, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла рушди соҳаи чорводорӣ ва кишоварзӣ, пешбурди хоҷагии халқи мамлакат, таъминоти бозори дохилӣ, саҳмгузорӣ дар амалигардонии ҳадафи стратегии мамлакат дар бахши амнияти озуқаворӣ ва таъмини аҳолӣ бо ғизои босифат суханронӣ намудан.