БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИЁЗМАНДОН ПАЙВАСТА ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологи»-и ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Тағоймурод Ҳасанзода оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинии ҳизбӣ Ҳасанзода Тағоймурод таъкид доштанд, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ ба ҳисоб рафта, амали намудани ин ҳадаф бе дастгирӣ ва ташаббусӣ кормандони муассисаҳои табобатӣ хусусан мутахассисони тиб ғайри имкон мебошад. Аз рӯи таҳлилҳо бемориҳои сироятӣ ба ду гуруҳ тақсимбанди мешаванд, табобатшаванда, ки таҳдидашон ба ҳаёт пасттар ва табобатнашаванда бо таҳдиди марги ногузир. Тамоми бемориҳое, ки аз зери назар дур мемонанд ва сари вақт барои пешгирии паҳншавии он тадбирҳои мушаххас намеандешанд, ба саломатии одамон хатари ҷиддиро ба миён меоварад, дар баъзе ҳолатҳо оддитарин бемориҳосабагори марги инсонҳо мегардад.

Дар охир бо саҳми ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур ба як оилаи ниёзманд кумаки моддӣ расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg