ХУРОСОН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ин навбат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии хоҷагии фермерии «Асадулло» хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Масъулин бо иштирокдорон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суҳбат карданд.
Баъд аз баргузории хониши сиёсӣ дар баробари анҷом додани корҳои ободонӣ ба 60-нафар оилаҳои камбизоат кумаки моддӣ аз қабили маводҳои хурока дастрас карда шуд.