
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Қовунтеппа” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва моҳияти Аксияи ҳизбиро ба иштирокдорон фаҳмонида, онҳоро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ даъват намуданд.
Сипас, дар деҳа Аксияи ҳизбӣ роҳандозӣ гардида, сокинон бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар ба корҳои ободонӣ машғул шуданд.