БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРБОЗОН ФАРЗАНДОНИ ШУҶОИ МИЛЛАТАНД!

ЁВОН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо мақсади боздид ва аёдати сарбозони бригадаи якуми баталёни дуюми қисми низомии 6593-и Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қисми низомии мазкур чорабинии фарҳангӣ таҳти  унвони «Модари аскарбача» баргузор гардид.

         Дар чорабинии мазкур модарони сарбозон аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии Симолӣ бо кулчаҳои дегдонӣ, фатирҳои бо ҳазорон меҳри модарона пухта ба аёдати родмардони Ватан омада, ба онҳо барои сарбаландона адо намудани хизмати Ватан-Модар баҳои баланд дода, аз шароитҳои зисту зиндагонии сарбозону афсарон аз наздик шинос шуданд.

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои сарбозон дастурхони идона ороста шуд.

         Дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳия ва вакили ҳизбӣ Тағоев Ҷамшед  ба ин сохтори низомӣ як адад конпютер бо принтераш туҳфа карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg