БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ОБОДИИ ДИЁРИ ХЕШ САҲМ МЕГУЗОРЕМ!

ВАХШ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Балҷувон»-и Ҷамоати шаҳраки Вахш оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯи «Ташаккули фарҳанги техники мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо» хониши сиёсӣ доир карда шуд.

     Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов қайд намуд, ки яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ истифодаи васеи аз сомонаҳои интернетӣ мебошад. Ҳамчунин доир ба ин мавзуъ ва дигар масъалаҳои муҳим андешаҳои судманд намуд.

     Сипас дар доираи Аксияи ҳизбӣ аъзои ҳизб якдилона сарҷамъ шуда, ҷӯйбору обравҳо ва бехи дарахтони ҳамешасабзро нарм намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg