БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАЮ ОЗОДА НИГОҲ ДОШТАНИ ОРОМГОҲ ЯКЕ АЗ ФАЗИЛАТҲОИ НЕКИ ИНСОНИСТ!

МӮЪМИНОБОД.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.Бо мақсади боз ҳам мустаҳкам  намудани робитаи зич бо ҷомеа, амалӣ намудани нақаша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод ва татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар ташкилоти ибтидоии кӯчаи ба номи «Асрорӣ»-и   ҷамоати шаҳраки Мӯъминобод хониши сиёсӣ баргузор гардид .

Дар чорабинӣ муовини раиси  Кумитаи иҷроия Гулсунбӣ Раҷабова иштирок доир ба  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, бо амалҳои неку созанда ва сазовор пешвоз гирифтани  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуда, ҳозиринро баҳри амалӣ  намудани ҳадафҳои нек ҳидоят карданд.

Ҳамчунин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ тоза намудани оромгоҳҳо ва чашмаи таърихии ба номи Хоҷаи Хизр дар ҳудуди ҷамоати шаҳрак бо саҳми фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир карда шуд, ки тозаю озод нигоҳ  доштани оромгоҳҳо яке аз фазилатҳои неки инсонӣ   ба ҳисоб меравад.   

     

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg