БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ИН ШАРАФ ВА НОМУСИ ВАТАНДОРИСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии «Фароғатгоҳи Дӯстӣ»-и ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Тағоймурод Ҳасанзода оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Ҳасанзода Тағоймурод қайд кард, ки бо гузашти солҳо дарк менамоем, ки Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чӣ нақши муҳиме бозид ва дар он марди бономусу ватандӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузургеро ба дӯши худ гирифтанд.

Ҳамчунин илова намуд, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ба вуҷуд овардани рӯҳия ва муҳити озод дар ҷомеа мебошад. Ин мафҳум таъмини бузургтарин ҳуқуқҳои инсон – озодии сухан, озодии виҷдон, гуногунандешӣ, фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаро дар назар дорад. Чунки ташакули ҷомеаи демократӣ бе ин падидаҳо ғайриимкон аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg