БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪЮБОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ДОМИИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва тарғиби сиёсати созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов”-и ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия Шаропов Ҳомидҷон иштирок карда, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» андешарони кард.

Ҳамзамон аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» доир гардида,      дар рафти он вакилони ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Мавлонов Рустам ва Бобохонов Нормумин ба як нафар шахси эҳтиёҷманди деҳаи Дўстӣ - Абдиев Нурмат, ки маъюб аст кӯмаки моддӣ расониданд.

     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg