БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ОМИЛИ ПЕШРАВИҲОСТ!

АНДЕША. Шоир    Амиршоҳи  Хатлонӣ ҳанӯз моҳи декабри соли 1992 дар манзумаи «Ҷаласаи қисмат», ки он  шабу рӯз яке аз давраи  даргириҳои беохир, хусумат ва ҷанги бародаркуш дар кишвар ба ҳисоб мерафт, чунин навишта буд:

Вакили тозарӯе  як ҷавонмард,

Нигоҳи аҳли ёронро ба худ кард.

Зи мағзи дил зи ҷони худ сухан гуфт,

Забонаш ҳар нафас дарди Ватан гуфт.

Барои халқу меҳан роҳнамо шуд,

Мукофоти Худо аз баҳри мо шуд.

Вакилон даъваташ бар тахт карданд,

Ватанро рӯ ба рӯ бахт карданд...

Дар он вақт касе ҷуръати мансабхоҳӣ надошт, авзои ҷомеа хатарзо буд. Акнун ин вазъи баамаломада тақозо мекард, ки марди баҳодуру  шуҷоъ ва нотарсу хирадманде ин миллати саргумгаштаро роҳбарӣ карда, аз вартаи парешонию маҳвгардӣ раҳонда тавонад. Дар ин маврид шоир хеле оқилона  нигоштааст:

Пас аз рӯзгорони  дуру дароз,

Худо тоҷиконро навозид боз.

Ҷавони ҷавонмард омад ба тахт,

Чу Сомонии сонӣ дар ин рӯзи сахт.

Чи тавре ки харадмандон фармуданд, то гузаштаро ба хотир наоварем, ба қадри тинҷию осоиштагии ҳозира расида наметавонем, тасаввур мекунем, ки ин оромӣ ҳамин тавр осонак ба даст омадааст.

Душманони миллати мо ба сулҳу ваҳдати халқи  тоҷик эътимол надоштааст. Ҳатто мухолифони ҳукумат ибрози андеша мекарданд, ки  пойдории давлатдории тоҷикон, то ба дарозо идома нахоҳад ёфт.

Аммо дар он давраи сарнавиштсоз миллати тамаддунофари мо  дар  атрофи роҳбари ҷавони худ зуд муттаҳид гардида, ба корӣ ободонӣ ва бунёдкорӣ камари ҳиммат барбаста,  Ватан обод мекунанд...

Истиқлолияти давлатӣ барои миллатӣ бофарҳанги тоҷик нодиртарин дастоварди сиёсиву сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули  тафаккур ва фалсафаи  давлатдорӣ мебошад. Баъд аз садсолаҳо  бори дигар милллати соҳибфарҳанги мо  имконияти эҳёи суннатҳои аҷдодии давлатдориро ба даст оварда, Тоҷикистони азиз дар арсаи  ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу  соҳибихтиёр  ва ташаббускори сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.

Истиқлолият роҳи ягонаи  таъминкунандаи  пешрафти тамоми самтҳои  фаъолияти ҳар як давлату миллат  ба шумор меравад.

Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ хақли мо соҳиби рамзҳои давлатии худ- Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва Конститутсия гардид. Ҳамчунин Истиқлолияти давлатӣ ҳувияту худшиносии миллиии мардуми тоҷикро дучанд намуда, барои тақвияту  густарии  пайдо кардани  сулҳу субот  ва ваҳдати миллӣ, рушду инкишоф, пешрафту  гулгуншукуфӣ ва  шинохти  Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ заминаи пойдор  фароҳам овард.

Миллати тоҷик ва мардуми тоҷикистонӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии  азамии худ тавонист  оташи  ҷанги дохилии  таҳмилиро  фурӯ нишон дода, парчами озодиву адолатро  ба хотири ҳифзи  асолату арзишҳои  миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ устувор гардонад.

Дар ин фосилаи кӯтоҳи  таърихӣ  дастовардҳои назарраси кишварамон  шаҳодати равшани  он аст, ки халқи тоҷик бо ҳиммати баланди созандигию фарҳангпарварӣ ҳама гуна  мушкилотро паси сар  карда, ҳамеша ба сӯӣи  пешрафт ба хотири  ободию тараққиёт кӯшиш менамоянд.

Аз рӯйи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030  сиёсати давлатӣ дар таъмини пешрафти минбаъдаи кишвар ба афзолиятӣ ва самтҳои асоси расидан ба ҳадафҳои стратегӣ  аз қобили  таъмини истиқлолияти энергетикӣ, роҳҳои аз бунбасти  коммуникатсионӣ, таъмини амнияти  озуқаворӣ, инчунин вусъати  шуғли пурмасъул равона мегардад.

Дигар омили муҳими пойдории истиқлолияти ҳар як давлат рушди илму маориф, бахусус, илмҳои дақиқ, татбиқи дастовардҳои  технологияву  инноватсионӣ ва навовариву ихтироъкорӣ аст.

Мо, маорифчиёни ноҳия , боз аз он  хушнудем, ки Сарвари муаззами мо  аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф  таваҷҷуҳи махсус  зоҳир намуда, ба сохтмони  биноҳои замонавии  таълимгоҳҳо, бо компютеркунонии  мактабҳо,  омӯзиши фаннҳои дақиқ ва баланд бардоштани сифати таълими забонҳои русиву англисӣ  эътибори доимӣ  медиҳад. Дар баробари ин  таваҷҷуҳ  ба тарбияи мутахассисони  дорои донишҳои муосир,  насли ҷавон  соҳиби одобу ахлоқи  намунавӣ,  ватандӯсту соҳибмаърифат  афзалиятии кор аст, ки мо  дар ин замина  қадамҳои устувор гузоштаем.

Яке аз дастовардҳои бузурги истиқлолият  боз дар он зоҳир меёбад, ки  хатмкардаҳои  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  се-чор соли охир тавассути Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои дохилшавиро ба мактабҳои олии кишвар  ва коллеҷҳои ҳунаромӯзӣ  месупоранд.

Ин услуб ба раванди  кор аллакай собит намуд, ки  хонандагони лаёқатманду донишандӯхта  бе ҳеҷ душворӣ  метавонанд бо қувва, нерӯву дониши шахсии хеш ба касбу пешаҳои  интихобнамудаашон мушарраф  гарданд. Пулу маблағ ва «тағобозӣ» дар ин самт  дигар нолозим  буданашро  волидайн ба хубӣ дарк намудаанд.

Ҳоло ҳар як хонандае, ки дар зиннаи сеюми таҳсилот ба хондан шурӯъ мекунад, аллакай касбу пешаи ояндаи худро  интихоб намуда  кӯшиш ба харҷ  медиҳад, ки  хубтару беҳтар  ба донишандӯзӣ машғул гардад. Кӯшиш намояд, ки  ба мақсади дар пешгузоштааш  ноил гардад ва  ихтисоси дӯстоштаашро  соҳиб шавад. Имтиҳонҳои қабул  ба Маркази миллии тестӣ  ба анҷом расиданд ва хушбахтона, қориб 85 фисади  дастпарварони синфи ёздаҳи муассисаи таълимӣ ба мактабҳои олӣ  ва коллеҷҳои кишварамон дохил гардиданд.

Ҷовобан ба ин ғамхориҳои падаронаи  Пешвои миллат, Президенти маҳбубу муаззамамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, омӯзгорон,  кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки  тамоми кӯшишу маҳорати  касбии хешро баҳри тарбияи насли ҷавон- созандагони ҷомеаи навин  сарф намоем.

Дар фарҷоми камол, бо лафзи шеъри шоира Раънои Мубориз кулли ҳамдиёронамонро ба ин Ҷашни хуҷҷаста  шодбош мегӯям:

Рӯзи имрӯзи саиди ту муборак бошад,

Пагоҳи пур зи навиди ту моборак бошад.

Чи шукуфон шуди дар ҷашни хуши Истиқлол,

Ватанам, шодиву иди ту муборак бошад.

 

Матлуба Раҳимова узви фаъоли ҲХДТ, директори МТМУ №1-и ноҳияи Кӯшониён    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg