ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии «Нозироти андоз»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ чорабинии таблиғотии ҳизбӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод иштирок намуда, қайд кард, ки дар доираи ҳидоятҳои дурандешонаи Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро зарур аст, ки ҳамватанони ниёманди худро пайваста дастгирӣ намоем. Хусусан дар арафаи соли нави хониш то ки онҳо бо дили гарм ба таҳсил ва омузиши касб ҷалб карда шаванд.
Дар фарҷом аз ҷониби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии болозик дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба якчанд нафар кудакони оилаҳои ниёзманд дар арафаи соли нави хониш кӯмакҳои моддӣ расониданд.