ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии И. Сомонӣ” вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Раҷабзода Маҳмадсаид зимни ибрози андеша дар бораи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг, пешрафту шукуфоии Ватан ибрози сухан карда, ҳамагонро барои бештар саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ҳидоят намуд.
Дар охир вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ва ниёзмандон” ба Бойсаров Бахтиёр ва Сатторова Қизилорсара як маводи ғизоӣ кӯмак карда шуд.