Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қаҳрамон”-и ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки фаъолон хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.
Дар хониши сиёси ва Аксия масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия иштирок карда, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва татбики қисмати амалии аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштирокдорон суҳбат намуданд.
Дар охир бо роҳнамоии Кумитаи иҷроия ва саҳми ташкилоти ибтидоии номбурда ба як нафар оилаи ниёзманд кӯмаки молиявӣ ба маблағи 100 сомонӣ расониданд.