БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДӢ ВА РУШДУ НУМӮИ ВАТАН ҚАРЗИ ҲАР СОҲИБВАТАН АСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Иқбол» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ ва иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  баргузор гардид.

Раиси Кумитаи  иҷроия Давлатҷон  Ғаффорзода оид ба роҳандозии  корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суҳбат намуда,  қайд кард, ки солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бо роҳи беҳтар кардани инфрасохтори деҳот  аст.

Дар охир бо ибтикори ташкилоти ибтидоии мазкур  дар доираи Аксияи ҳизбӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 масолеҳи сохтмонӣ барои таъмир дастрас карда шуда, чунин иқдомҳои неку ватандӯстона аз ҷониби фаъолон, аъзо фа ҷонибдорони ҲХДТ пайваста  роҳандозӣ мегардад. 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg