БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ҲИЗБИЁН ДАР ОБОДИИ ДЕҲА ЧАШМРАС АСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии “Ватандор”-и деҳаи Некманзари деҳоти Ғайрат хониши сиёсӣ доир намуда, ҳамзамон бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб корҳои ободониро низ ба роҳ монданд.

Масъулин зимни баромад оид ба моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии деҳот суханрони намуданд.

Инчунин, сокинони деҳа бо дасгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ростои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштани солҳои 2019 - 2021 дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” зиёда аз 2 километр роҳҳои ҳудуди деҳаро сангфарш намуданд.

 

        

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg