БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ ХУБ БА РОҲ МОНДА ШУДААСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста ба татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар  ташкилоти ибтидоии деҳаи «Навобод» вохӯрӣ  доир гардид.

Масъулини ҳизбӣ зимнан дар назди ҳамагон  дар бораи моҳияти  хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки хизмат дар сафи  Артиши миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар ҷавонмарди бонангу ори кишвар дониста шуда, ихтиёран ҳозир шудан барои адои ин вазифаи муқаддас нишона аз ватандўстию меҳанпарастии ҷавонон аст.

Сипас, дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ ба дарки иштирокдорон расонида шуда, чанде аз аҳли нишаст  андешаҳои худро вобаста ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  баён намуда, аз масъулин ҷиҳати ташкили ҳамоиши муфид изҳори миннатдорӣ баён карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg