
НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шифокорон” қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” доир карда шуд.
Бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аз ташкилоти ибтидоии “Шифокорон” барои таъмири МТМУ №3 як миқдор масолеҳи сохтмонӣ харидори ва дастрас карда шуд.
Дар қисмати сиёсии чорабинӣ раиси Кумитаи иҷрояи шаҳрии ҳизб Қумриниссо Гулмуродзода оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир кардаЁ зимни суҳбат қайд намуд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиҳатии оммаро – бойгарии давлат эълон дошта, таъкид карданд, ки “Миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим аст”. Ин бори дигар кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро водор менамояд, ки дар атрофи Сарвари дурандеши худ муттаҳид гардида, сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстиро дар кишварамон мустаҳкам намоем ва барои ободу зебо гардидани Ватани азизамон саҳмгузор бошем.