
КӮШОНИЁН. Дар доираи Солибаланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот, ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияи Кӯшониён бо иштироки бо сокинон мулоқот анҷом дода шуд.
Зимни баромад масъулин иброз доштанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ мо бояд дар зери сиёсати созандаи Сарвари давлат сарҷамъ шуда, бо ҳисси баланди масъулияти ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллати худ барои ободу зебо ва рушд кардани Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми худро гузорем.
Ҳамзамон моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” - ро ба иштирокдорон фаҳмонида онҳоро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ даъват намуданд.
Дар навбати худ сокинон низ баромад карда, ваъда доданд, ки 30 - солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.