БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ГАВҲАРИИ НОЁБ АСТ, БА ҚАДРАШ БОЯД РАСИД!

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз дар доираи нақша-чорабиниҳо дар ташкилоти ибтидоии “Чойлама”-и деҳаи Ҷойламаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов вохӯрӣ баргузор гардид.

Аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар самти рӯ овардани мардум ва падару модарон ба мактаб, иштироки онҳо  дар дарсҳои омӯзгорон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва атрофи сиёсати инсондӯстонаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз зиндонҳои давлати Ироқ, расидан ба қадри  соҳибистиқлолияии  кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, риояи фарҳанги миллӣ андешаронӣ карда шуд.

Дар қисмати амалии  Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар деҳаи Ҷойлама, ки  сокинон ба муассисаи таълимӣ ниёздоранд, муассисаи таълимии асосӣ сохта мешавад, сохтмони бинои мазкур  дар рӯзҳои наздик оғоз хоҳад гардид.

                                                                                                    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg