БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲТИЁҶМАНДОН ПАЙВАСТА ТАҲТИ ҒАМХОРИИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иӌроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар асоси  дастуру ҳидоят ва супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   пайваста  дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ  ба шахсони ниёзманди ҷомеа кӯмакҳои ватандӯстонаи хешро дареғ намедорад.

Ин навбат дар партави   Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бахшида ба идҳои дар пеш истода ва оғози соли нави хониш  ба 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои  эҳтиёҷманд  сару либоси мактабӣ ва ашёи хонишро тақдим  карда шуд, ки дар супоридани туҳфаҳо  хурсандии  наврасонро ҳадду канор набуд.  

Чунин ташаббусу ғамхориҳои  инсондӯстона аз ҷониби фаъолон, аъзо ва  ҷонибдорони ҲХДТ  роҳандозӣ гардида,  сокинон аз иқдомҳои неки ҳизбиён  миннатдории хешро баён медоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg