БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ РАҲНАМОИИ СОКИНОН БА АМАЛҲОИ СОЗАНДА

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Утанобод”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Намояндагони ҳизбӣ зимни ибрози сухан дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, омодагӣ ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  ва дигар масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, андешаронӣ карда, ҳамагонро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳифзи  арзишҳои миллӣ ва дӯст доштани Ватан ҳидоят карданд.  

Инчунин, дар идома  бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманд Аксияи ҳизбӣ доир карда шуда, бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Исоқов Қодир ба як оилаи ниёзманди ҷомеа Маматқулов Алӣ маводи ғизоӣ кӯмак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg