БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ПЕШНИҲОДҲОИ НАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ СОКИНОН ИЗҲОРИ ҚАНОАТМАНДӢ НАМУДАНД

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Зардакӣ”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховаллинг бо  иштирокдорон сӯҳбат ороста, дар баробари ба мардум фаҳмонида додани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар бораи пешниҳодҳои нави Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва суханрониаш ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ба таври муфассал маълумот доданд.  

Зимни суҳбат зикр гардид, ки мақсад аз эълон гардидани солҳои 2018 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боз ҳам ободу зебо намудани деҳаҳо, фароҳам овардани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, табобат ва дигар намуди хизматрасониҳо, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба мавзеъҳои дилфиреби кишвар, ба меҳнати фоиданок ҷалб намудани одамони бешуғл, алалхусус  занону бонувон ва пайдо намудани маблағ барои таъминоти оила мебошад.  Ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар низ аз ҳар як сокини кишвар масъулияти баланди ватандориро талаб менамояд.  

Имрӯз давлату Ҳукумати мамлакат  ба онҳое, ки имкони  бунёд кардани коргоҳ ва корхонаро доранд, шароит фароҳам овардааст. Ин амали нек ба ҷашни дарпешистодаи 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзанда мегардад.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии вакили ҷамоти деҳот Мавлуда Одинаева аз ҳисоби маблағҳои пасандознамудааш чор синфхонаи муассисаи таълимии деҳаро таъмиру тармим намуда,  ба хонандагон дар соли нави хониш тақдим кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg