
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров дар ташкилоти ибтидоии «Маркази мубориза бар зидди бемориҳои пӯсту зуҳравӣ» баргузор гардид.
Зимни баромад бо ҷамъомадагон мавсуф оид ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ибрози ақида нумуда, қайд кард, ки дар баробари дигар омилҳои хатаровар ба генафонди миллат паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, махсусан бемориҳои ВНМО/АНМО ва Гепотитҳо бисёр ташвишоваранд. Аз ин рӯ донистани бемориҳо, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва инкишофу авҷгирии онҳо амри зарурӣ мебошад.
Бо ин мақсад масъулинро зарур аст, ҷиҳати пешгирӣ аз чунин бемориҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд.