
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷӯра Назаров”оиди самҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ дир намуданд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Шаропов Ҳомидҷон дар назди ҳозирин баромад намуда, оиди муқовимат бо карупсия ва ба вуҷуд овардани мафкураи зиддикоррупсионӣ дар аҳолӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ дар самти ошкор кардани ҷиноятҳои хусусияти корупсионидошта, саривақт супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣи ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар мавзуҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки яке аз омилҳои номабтлуби таҳдидкунанда ба ояндаи давлату миллат, аз байнбарандаи эътимоди мардум ба давлат мебошад, аз ин лиҳоз ҷиҳати решкан кардани он ҳамаи шаҳрванд масъул мебошад.