
ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ҷиҳати дар амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” кормандони ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бо масъулияти баланди ҳизбӣ ба аёдати якчанд нафар оилаҳои ниёзманд рафата ба онҳо маводҳои хӯрока кӯмак расониданд.
Ташаббуси наҷиб аз ҷониби эҳтиёҷмандон бо арзи сипосу миннатдории бепоён пазируфта шуда, зимни суҳбат бо онҳо дастгириҳои ҳизбиёнро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.