БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАШВИҚОТИВУ ТАРҒИБОТӢ БО УСУЛИ “ДЕҲА БА ДЕҲА” БАРГУЗОР ГАРДИДА ИСТОДААСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Ализода Сураё ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои сиёсию маънавӣ ва пешгирии амалҳои номатлубу зиёдарвӣ бо усули хона ба хона бо  занону духтарони  деҳаи Бобоқул Хидирови  Ҷамоати  деҳоти  “Истиқлол” вохӯрӣ баргузор намуда истодаанд.

Дар дар ин вохӯриҳо масъулини ҲХДТ оид ба масъалаҳои худсӯзиву худкушӣ, пошхӯрии  оилаҳои ҷавон, пешгирии ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, тарғиби тарзи  ҳаёти  солим, пешгирӣ  аз  бемориҳои  сироятӣ,  риояи  ҳатмии  қонунҳои  миллӣ, пешгирӣ  аз бегонапарастию  майл  ба  фарҳангӣ  бегона  суханронӣ намуда,  ба   дарки  ҳар  як  сокини  деҳа,  хусусан  занон  расонида  шуд, ки зиндагии худро дар доираи тафаккури солим танзим бикунанд ва аз банди  номуси  дурӯғин берун  омада,  ба  тақлидкориву рақобатҳои  бемаврид аз дастархонороиву, маъракаҳои ғайриқонунӣ  даст  кашанд ва ба зиёдаравӣ хотима  бахшанд.

Инчунин, аз  иштирокдорон  даъват  ба  амал  оварда  шуд, ки  корҳои  ободонию созандагиро дар маҳали хеш вусъати  тоза  бахшида, фарзандонро  дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg