
МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод дар ташкилотҳои ибтидоии «Стансияи эпидемиологӣ» хониши сиёсӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” корҳои ободонӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ бо иштиркодорон мулоқот намуда, ҷиҳати дастгирӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва дастгирии табақаҳои ниёзманд дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки ҳадафи асосии ин Аксия сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад суханронӣ карда, ҳамагонро баҳри боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани корҳои ободониву бунёдкорӣ даъват карданд.
Инчунин, дар ин чорабинӣ оиди пешгирии молу маҳсулоти пастсифати воридотӣ ба бозору дӯконҳо ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.