БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ДЕҲОТ РУШД МЕЁБАНД!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии “Вахш”  бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Бонувони чирадасту ҳунарманди деҳаи мазкур бо як рӯҳбаландӣ ва миннатдорӣ аз дастгириҳо ва ғамхориҳои Роҳбари давлат ҳунарҳои маҳсули дастони хешро, аз қабили сӯзанидӯзӣ, кӯрпадӯзӣ, кулчаю чаппотипазӣ, омода намудани хӯрокҳои гуногуни лазиз ва ороиши дастурхони тоҷиконаро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар ин чорабинии фарҳангӣ - сиёсӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  иштирок ва аз намоишгоҳи  ҳунарҳои мардумӣ  аз наздик дидан карда, ба занону бонувони ҳунарманд баҳои баланд доданд.

Инчунин, дар қисмати сиёсии чорабинӣ бошад, масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби фарҳанги миллӣ, ҷалби ҷавондухтарон ба касбу ҳунарҳои миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ ва дигар масъалаои мубрами рӯз андешаҳои хешро баён дошта, ҷамъомадагонро барои боз ҳам тақвият бахшидани анъанаҳои неки мардумӣ  раҳнамоӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg