БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮМАКУ ДАСТГИРИҲО БА НИЁЗМАНДОН!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии Ҷ. Румӣ” вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҷабзода Маҳмадсаид, дар бораи  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти  ҳизбӣ , баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар - ҳадафи чоруми миллӣ    ва дигар масъалаҳои рӯзмарра андешаронӣ  намуда, аз ҷамъомадагон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ даъват ба амал овард.

Дар охири чорабинӣ вобаста ба қисмати тарғиботию амалии  Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба  як нафар шахси ниёзманд маводи хӯрока кӯмак карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg