БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛОН ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ МАСЪУЛИЯТ ЭҲСОС МЕНАМОЯНД

ЁВОН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  ва дастгирии шахсони саховатпеша Нуралиев Нодир, Холов Барфихон ва Каримов Аҳлиддин дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳия тибқи дархосташон  як тонна семент ва 30 тонна қум кӯмак расонида шуд.

Ҷараёни рафти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар миёни соҳибкорону вакилон ва фаъолони ноҳия қобили қабул дониста шуда, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст.

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ вохӯрии судманд доир карда шуда, масъулини ҳизбӣ атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он андешаҳои хешро баён карда, ҷиҳати  татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб ба шахсони хайрхоҳу ватандӯст барои иқдоми некашон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg