БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ АСОСИИ СИЁСАТИ АНДОЗУ БУҶЕТ САФАРБАР НАМУДАН ВА САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАХИРАҲОИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ МЕБОШАД

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар робита ба иҷрои ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вохӯрии навбатии кормандони масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нозироти андоз” сурат гирифт.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Пирмуҳаммад Каримзода атрофи мавзӯҳои муҳим ба сухан баромада, оиди нуқтаҳои дахлдори Паёми имсолаи Президенти мамлакат, оид ба  моҳият ва аҳамияти саноатикунонии кишвар, дасгирии соҳибкорон ва ҷорӣ намудани сабукиҳо ба онҳо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, аъзоёни ҳизбро ба меҳнати софдилона ва татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ кард.

Мавсуф қайд намуд, ки андоз бақои давлат аст. Барои барзиёд иҷро кардани нақшаи қисми даромади буҷаи давлат бояд дар Ҷумҳурӣ соҳибкории хурду миёна ва калон рушд дода шавад ва ба ин гурӯҳ дасгириҳо ва сабукиҳо оварда шавад то соҳибкор ҳавасманд шаваду барои рушди минбаъдаи худ талошҳои дучанд варзад. Дар ин самт Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишвар “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ” эълон намуданд, ки татбиқкунандаи асосии ин пешниҳод ва дастури Роҳбари давлат маҳз кормандони соҳаи андоз мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg