БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБИАТИ РОҲИ ХАТО ЗИНДОН АСТ!

 ВОКУНИШ.  Гурӯҳҳои мухолифи давлат сиёсати имрӯзаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистонро бо ҳар роҳу восита мавриди интиқод ва туҳмат қарор дода, мехоҳанд дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми Тоҷикистон таъсиргузор бошанд. Гурӯҳи - 24 дар баробари ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ бо ақидаҳои зиддимиллию зиддидавлатӣ ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои кутоҳу коркардшудаи худро гузошта мехоҳанд, ки қишри осебпазири ҷомеа, бахусус чавононро ба доми найрангҳои сиёсии худ андозанд.

Ахиран ин гурӯҳ дар шабакаи ичтимоии «Ютуб» доир ба масъалаи дар боздоштгоҳи муваққатии кишвари Полша қарор доштани ҳамсангарашон Мустафо Ҳаётов назди дурбин шиква намуда, муддати як солу ду моҳ аз мунсифона баррасӣ нашудани қазияи ӯ ибрози андеша мекунанд.

Ба ақидаи Нуриддин Ризоӣ ба ном фаъоли ичтимоӣ асли қазияи Мустафо Ҳаётов ин носозгори ва таблиғи ҷиҳод зидди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва гӯё боздоштшуда  аз он хафа ҳаст, ки дар мубориза ба муқобили давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар бари «ҳамсафонаш» нест…

Хок бар сарат бо ин таҳлили хандахарришу дур аз ҳақиқати аслӣ! Не, ҷаноби Нуриддин Ризоӣ! Мустафо Ҳаётов муддате дар Россия кору зиндагӣ мекард ва чун ҳавою ҳавас ва нафаси баду аъмоли бад дошт, хост дар Аврупо дар бозиҳои калони сиёсӣ соҳиби бренд бошад. Аниқтараш, хаёлу ҳаваси давлату бойгарӣ ӯро бо шумо ҳуввиятгумкардаҳо пайванд сохт! Ва чун ҷавон буд аз бозиҳои сиёсии туву ҳаммаслаконатон бехабар монд, фаъолияти носозгоре  кард, ки аз чониби аврупоиён низ қабул набуд. В-агарна кишварҳои аврупоӣ беҷурм касеро боздошт намекунанд!  

Бадбахтона бо сиёсати ғайримунсифонаю маккорона сари садҳо ҷавонони тоҷикро ба бод додаю дар қасру кушкҳои аврупоӣ  давлат меронед ва чун сирру асроратон бознигарӣ мешавад, ба қавле худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсон вонамуд сохта, аз якдигар мусичаи бегуноҳ месозед!?

Ҳатто Нуриддин Ризоӣ шарм надошта дар ҳалли қазияи ҳаммаслакаш Мустафо Ҳаётов пешниҳоди маблағро низ истисно намедонад. Ва, гӯё ин андеша, андешаи ришвапешниҳодкунӣ барои ӯ бегона аст. Аммо ҳақиқат воқеан чизи дигар аст, яъне бо чунин шеваи гуфтор мехоҳад, ки аз бозгашти ҳамтои худ сармояи навбатӣ ба даст биёрад. Албатта, аз ҳисоби дигар асолатбохтаҳою  роҳгумзадаҳо!

Ба саволи «Чаро Мустафо дар зиндон аст?» метавон посух дод, ки бандаи нафсу ҳавас ҳарҷое,  ки бошад оқибаташ зиндон аст! Оқибати роҳи хато ҳаминтавр аст - марг,  зиндон ва нобудӣ!

Ҳошимов Абдураҳим,  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш. Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg