
ВОКУНИШ. Аъзои фирории Ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд, бо ҳар роҳу восита махсусан, бо таълифи хабару мақолоти муғризона тариқи сомонаҳои ифротии интернетӣ кӯшиш доранд, ки давлату миллати тоҷикро сиёҳ кунанд. Онҳо тариқи пахши ахбори муғризона худро нафарони адолатпешаву ҷоннисори миллат намоиш дода истодаанд.
Вале, дар асл мақсаду марори онҳо дигар буда, хостгори онанд, ки Ватани азизи мо ки имрӯзҳо бо Сарварии фарзанди баору номуси миллати тоҷик ободу зебо гашта истодааст, ба оромии ин Ватан халал расонанд. Вале, мо сокинони ин Ватани биҳиштосо намегузорем, ки ин нохалафон ва хоинони Ватан ба сулҳу оромии диёри мо чашм аъло кунанд. Ин доду фиғоне, ки тариқи сомонаҳои ифротии худ мекунед, хайёл мекунед, ки мо ба шумоён сагбачаҳо боварӣ дорем, ҳаргиз бовар намекунем, чунки мо алакай медонем, ки шумо бо кадом роҳу восита моро ба ҷангу иғо андохта будед.
Чихеле, ки дар урфият мегуянд, шунидан кай бувад монанди дидан, имрӯзҳо мардуми сарбаланди тоҷик ободии Тоҷикистони азизи хешро дида аз ҳарвақта боз ҳам ба ояндаи ин диёр умед баста зери сиёсати созандаи Сарвари давлат сарҷамъ шуда бо ҳисси баланди масъулияти ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллати худ барои ободу зебо ва рушд кардани Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми худро гузошта истодаанд.
Мо мардуми сарбаланди тоҷик дар остонаи санаи муҳими таърихӣ, яъне ҷашни мубораки 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Халқи тоҷик бо дасту дили гарм дар фазои тинҷу оромии кишвар ва шукургузорӣ аз сиёсати хиратмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Мо ба ояндаи дурахшони Ватани азиз боварии қавӣ дорем ва баҳри дар амал татбиқ кардани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнати софдилона ва садоқати бепоён ҷиддан талош меварзем.
Бояд, мо мардуми тоҷик чиқадар ҳушёр бошем ва ба дурӯғгӯии аъзоёни фирории Ташкилоти террористӣ- экстремистии ҲНИ ҳеҷ гоҳ бовар накунем. Ба қадри пойдории сулҳу ваҳдат, хандаи ширини модарону кӯдакон ва оромӣ дар кишварамон бирасем. Ба дасисаҳои бадхоҳони Ватани азизамон ҳаргиз дода нашавем. Шукронаи ҳаёти осуда дар кишвар кунем ва баҳри ободӣ ва пешравии давлатамон ҳамеша саҳмгузор бошем.
Шеров Сунатулло, мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён