БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАШЪАМАНДӢ ОҚИБАТ МАРГИ НОГУЗИРРО ДАР ПАЙ ДОРАД!

АНДЕША. Имрӯзҳо яке аз масъалае, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст, нашъамандӣ мебошад, ки дар байни ҷавонон домон паҳн кардааст ва ташвишовараш дар он мебошад, ки занҳо низ ба нашъамандӣ даст зада истодаанд.

Нашъамандӣ ин беморӣ буда,  дар натиҷаи истеъмоли маводҳои мухаддир организми инсон заҳролуд  мегардад, ки оқибати фоҷиовари он ба марг оварда мерасонад.

Роҳҳои даст задани ҷавонон ба нашъамандӣ  ин  аввал аз рӯи ҳавас, аз кашидани нос, сигор, майнушӣ ва оқибат ба истеъмоли маводи мухаддири  сахттаъсир рӯ меоранд. 

Истифодаи маводи мухаддир бо усули тазриқӣ, ки бо одамони ношинос  хатарнок буда, оқибат шахс  гирифитори  бемории сироятии ВНМО, Гепотити «Б», «С» мегардад. Аз ин рӯ ҷавонони имрӯзаро лозимм аст, ба эҳсосот дода нашаванд ва ба фарҳанги бегона тақлид накунанд, чунки ояндаи давлату  миллат аз ҷавонони бонангу номус вобастагии калон дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон имкониятҳои фаррохро муҳайё намуданд, ки дар кишварҳои абарқудрати дунё рафта таҳсили илм намоянд. Бояд ҷавонону наврасони мо ҷавобан ба ин ҳама ғамхорию дастгириҳои бевоситаи Роҳбари давлат кӯшиш намоянд, ки баҳри пойдории сулҳу субот ва соҳибистиқлолии кишварамон содиқона ба Ватанамон хидмат кунанд.

Шомалангова Миҷгона, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони  КИ  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg