БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОНАИ ҲАМВАТАНРО ОБОД ХОҲЕМ КАРД!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Айвоҷ”-и  ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 -и деҳаи Айвоҷ баргузор гардид.

Масъулини зимни суҳбат дар бораи муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он фарогири тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад ибрози андеша карданд.

Инчунин, дар идома ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар ва эълон шудани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омодагии ҳамаҷониба ба пешвози ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ карда шуд.

Ҳамзамон бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманд Ааксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардида, ба оилаи ниёзманди ҷомеа, модари танҳо Очилдиева Ҷамила бо дастгирии ҳамдеҳагон дар сохтмони манзили истиқоматии ӯ кӯмак расонида шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg