НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи қисамати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоии «Чашма-2» кӯмаки навбатӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10- и деҳаи Чашмаи Ҷамоати деҳоти Дуконӣ расонида шуд.
Кӯмаки мазкур аз масолеҳи сохтмонии барои рангубори дохили бинои муассисаи таълимӣ иборат буда, бо дастгирии сокинон таъмиру тармими он ҷараён дорад ва то оғози соли нави хониш ба истифода дода мешавад.
Сипас, вохӯрӣ бо сокинон доир карда шуда, дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки писанди ҳамагон гардид.