БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУШКИЛОТИ НОРАСОИИ БАРҚ БАРТАРАФ ГАРДИД!

Н.ХУСРАВ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ.  Дар  ташкилоти  ибтидоии  деҳаи   “Олтинсой”-и  Ҷамоати деҳоти Истиқлоли  ноҳияи Носири  Хусрав бо иштироки фаъолон  аъзо  ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулини  атрофи  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҳизб,  дастуру  супоришҳои  Роҳбарияти  Олии  ҲХДТ сухан ронда, ҳамагонро ба ободиву  созандагӣ, анҷоми корҳои хайру сахо, дастгирии ниёзмандон ҳидоят  карданд.

Дар доираи иҷрои амалии Аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон  дастаҷаъмона трансформатори барқии аз кор баромадаи деҳаро иваз намуданд, ки ин иқдоми ватандӯстона мушкилоти норасоии барқро бартараф кард.  Ҳамчунин, дар иҷрои ин амали нек вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ализода Сураё кӯмаки молиявии худро расонид.

Дар қисмати сиёсии ҷамъомад бошад самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баррасӣ карда шуда, аз ин вохӯрии судманд ҳамагон ғизои маънавӣ гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg