БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИРО БО ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Коммуналӣ» атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.  

Қисмати сиёсии чорабинӣ ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободониву бунёдкорӣ бо дастовардҳои  назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  баррасӣ карда шуда, ҳамагон барои боз ҳам  ривоҷу равнақ додани корҳои бунёдкорӣ раҳнамоӣ гардиданд.          

Сипас, дар партави Аксияи ҳизбӣ дар майдони  Парчами миллӣ, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, ҳамчун рамзи  эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ як қатор корҳои созандагӣ ба роҳ монда шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg