БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД СОКИНОН МАЪЛУМОТИ ЗАРУРӢ ПАЙДО НАМУДАНД

ХОВАЛИНГ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон”-и Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дар хониши сиёсие, ки бо иштироки Ҷалолиддин Қаюмов корманди ҳизбӣ  доир гардид, ба  ҳозирин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба таври муфассал маълумот дода шуд.  

Аҳли нишаст аз баромад оиди сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ, хатари ба ҷомеаи ҷаҳонидоштаи терроризму экстремизм, роҳҳои мубориза ба ин вабои аср, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, эҳтирому  ҳифзи урфу одат ва фарҳанги миллӣ, аз ҷумла дар пӯшидани либос, анъана ва маросимҳои мардумӣ, ва дигар масъалаҳои рӯз  маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.

 Дар охир дар асоси Аксияи ҳизбии “ Якҷоя ҳал  мекунем!” барои таъмиру тармими бинои муассисаи таълимии деҳа ба миқдори зарурӣ масолеҳи сохтмонӣ кӯмак карда шуд, ки ин ташаббускориҳо дар шукуфоии Ватан мусоидат хоҳад кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg