БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАВЛАТИ ПОЯНДА ХОҲӢ РӮЙ БАР МАКТАБ ОР...

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Наизирак”-и деҳаи Наизирак  қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” доир карда шуд.

Бо роҳнамоӣ ва ҷалби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и шаҳр, ки ин муассисаро сарбаландона хатм намуда, имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва соҳибкориву тиҷорат машғуланд, барои рангубор намудани яке аз синфхонаҳои ин муассиса масолеҳи сохтмонӣ  харидорӣ намуда тақдими ин муассисаи таълими намуданд.

Аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ зимни суҳбат гуфта шуд, ки мактаб даргоҳи бузургест, ки баробари дар остонааш қадам гузоштан хурду бузург барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фархангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Нест бузургдиле, ки сабақи устоде надида, ба ҷое расида бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg