БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОГОҲОНИДАНИ СОКИНОН АЗ ХАТАРҲОИ ҶАҲОНИ МУОСИР САРИВАҚТӢ ВА БАМАВРИД МЕБОШАД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Кӯшониён ҳамарӯза  дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ нишасту вохӯриҳо мегузаронанд. Баргузории  суҳбату мулоқотҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва огоҳонидани онҳо аз хатарҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир саривақтӣ ва бамаврид мебошад. Бо дарки ин маънӣ  чунин як вохӯрӣ дар деҳаҳои Сари ҳавз ва Сари пули Ҷамоати шаҳраки Бохтариён гузаронида шуд, ки аз ин ҳамоиш иштирокдорон таассуроти хуб бардошт карданд.

Инчунин,дар қисмати амалии чорабинӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” таъмири   зербинои   атрофи   муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №56 – и ноҳия  роҳандозӣ карда шуда, иштирокдорон бо дасту дили гарм дар фазои тинҷу оромии кишвар ва шукургузорӣ аз  сиёсати хиратмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳми арзандаи хешро гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg