БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР, КИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО, БОЗ ЁБАД ҶАННАТИ ДАРБАСТАРО

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии Ҷангал”  хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Абдураҳимова Фирӯза намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар мавзӯъи “Баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ”, дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, қайд намуд, ки мардум ҳар чӣ қадар дар самти ободонию пешрафт бо масъулияти баланд муносибат кунанд, ҷомеа ва давлат ҳамон қадар ба пешравиҳо ноил мегардад. Алббата ободониро мебояд аз хонаи худ, аз кучаи худ, аз деҳаи худ, аз ноҳияи худ бояд сар кард. Ободии ҳар як деҳа ободии Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин, баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии ташкилоти ибтидоии  мазкур  ба 1 нафар ятими кулли мактаб-парваришгоҳи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои харидории либоси мактабӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд. Чунин иқдомҳои неку инсондӯстона аз ҷониби вакилон, шахсони  ватандӯст дар ҳудуди ноҳия пайваста роҳандозӣ гардида, шахсони  ниёзманди ҷомеа таҳти ғамхории доимии ҲХДТ қарор доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg