БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲИ НАҶОТИ БАШАРИЯТ– РУ ОВАРДАН БА КИТОБУ МАКТАБ АСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Мулёби Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» гузаронида  шуд.

Вохӯриро намояндагони ҲХДТ ҳусни оғоз бахшида,  дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, риояи қонунҳои миллӣ, ру овардан ба илму маърифат ва дар ҳамин руҳия тарбият намудани фарзандон фикру андешаҳои хешро баён доштанд. Қайд гардид, ки миллат ҳар қадар босаводу зирак бошад, ҳамон қадар кафолати ояндаи дурахони миллат таъмин мегардад. Хондан наҷот аст, биёед дар ҳамин руҳия фарзандони хешро тарбият намоем.   

Дар охири чорабинӣ Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардида, бо кӯмаку дастгирии мардуми деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 аз таъмири хушсифати замонавӣ бароварда шуд, ки ин иқдомҳои неку наҷиб боиси сафарозии  ҳамагон гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg