ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатӣ бармеояд, дар деҳаи Доққии Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони нощияи Қубодиён вохӯрии масъулини ҲХДТ бо сокинони ин деҳа доир гардид.
Намояндагони ҳизбӣ вобаста ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён дошта, иброз карданд, ки пешрафту шукуфоии Ватан аз ҳар як инсони комил, ватандӯст вобастагии амиқ дорад. Аз ин лиҳоз мо шаҳрвандон зери сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат дар фазои сулҳу ороми кишвар корҳои созандагиро хуб ба роҳ монем ва Ватани азизамонро аз ин дида ободтар созем.
Иштирокдорон суханрониҳои муфиду судмандро якдилона дастгирӣ карда, Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро баргузор кардаву ба тариқи ҳашар синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-ро таъмири капиталиро оғоз намуданд.