БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН БАРОИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ГЛОБАЛӢ САҲМИ АРЗАНДА ДОРАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии  «Сафобахш» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҳизб хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин иброз дошт, ки сиёсати имурӯзаи Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии мардум, таъмини бехатарии амнияти шаҳрвандони кишвар, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин замина расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

Илова бар ин, гуфта шуд, ки раванди имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки хеле тезу тунд ҷараён дорад, пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон дар самти об ба Созмони Милали  Муттаҳид ва аз ҷониби Дабири Кулл бо дарки фаҳмиш пазируфтани ин пешниҳодҳо, гувоҳ аз он аст, ки Роҳбари  давлат барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзанда дошта, ки ин барои мо тоҷикон боиси ифтихор мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg