БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУРАББИЁН ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТРО ТАРБИЯ МЕНАМОЯНД

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи Рӯзи касбии варзишгарон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ба аёдати мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахт Раҳимов рафта, аз ҳолу аҳволаш хабар гирифтанд ва ба ӯ туҳфаи  молӣ расониданд.

Хушвахт Раҳимов яке аз мураббиёни касбӣ ва номдори ноҳия ва ҷумҳурӣ буда, то ин давра ҳазорон нафар варзишгарони касбиро ба воя расонида, машқу тамрин додаст. Шогирдони Хушвахт Раҳимов имрӯз дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини самбо, миллӣ ва дзю-до қувваозмоӣ намуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштаанд. Хосса барои ҳунари волои варзишгарон Имомов Нусрат дар унверсиядаи ҷаҳонӣ оид ба гӯштини самбо, Сангов Сомон дар мусобиқаи ҷаҳон оид ба гуштини самбо, Ҳотамбеки Абдуғанӣ дар мусобиқаи Осиё оид ба гӯштини дзю-до ва даҳо нафар шогирдони Хушвахт Раҳимов Парчами Тоҷикистонро боло бардошта, суруди миллии кишвари азизи мо садо додаст.

Масъулини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон пайваста ҷиҳати рушду ободонии ноҳия, дасгирӣ ва қадрдонии шахсони хизматнишондода ва парчамбардорони Ватан кушиш мекунад. Яке аз чунин шахсон Хушвахт Раҳимов мебошад, ки хизматҳои ин шахс шоистаи таҳсин ва қадрдонӣ аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg