БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ ДАР ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ САҲМИ БОСАЗО ДОРАНД

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати татбиқи банд ба банди ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии «Чорбоғ»-и ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳия хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар рафти маҷлис масъулини оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», аз ҷумла пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни хусусияти террористӣ-экстремистидошта, омодагии ҳамаҷониба ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон,  Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мусоидати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Қурбонов Олим роҳандозӣ гардида, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28-и деҳа таъмири  хушсифат карда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg