БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБОТ ҶИҲАТИ ОГОҲИНИДАНИ ҶОМЕА АЗ ПАЁМАДҲОИ ХАТАРОВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИРТИҶОӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Раёсати кишоварзии минтақа» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ намояндаи  Кумитаи иҷроия Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии  ҳизбии «Раёсати кишоварзии минтақа» Ҳасанов Абдулмумин иштирок ва суханронӣ карданд.

  Оид ба масъалаи паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунаввараи Бозоралӣ баромад намуда, қайд кард, ки бо вуҷуди ҳамин гуна таҷрибаҳои талхе, ки мардуми тоҷик дар солҳои аввали Истиқлолият аз сар гузаронид, ҳанӯз бадхоҳоне ҳастанд, ки сӯистифода аз дину мазҳаб мардумро бар зидди давлату миллат  шуронида бо ин мақсад мехоҳанд сенарияи солҳои навадум такрор шавад. Аммо миллати тоҷик дубора ин фиребро намехӯрад, зеро мардуми сарбаланд ва заҳматкаши тоҷик аз гузаштаи вазнини хеш таҷрибаи зиёде дорад.

Дар фарҷом таъкид шуд, ки моро зарур аст то тамоми нерӯи худро барои ҳимояи амният, Вваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи мамлакат равона намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg