БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ НАВБАТӢ ДАР ТАЪМИНИ ВАЗЪИ ИҶТИМОИИ СОКИНОН САҲМИ АРЗАНДА ДОРАД

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “МДНОД” хониши  сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор намуданд.

Зимни ҳамоиш, Каримзода Пирмуҳаммад зикр намуд, ки муҳтавои Паёми солонаи Пешвои миллат аз он иборат аст, ки мебояд ҳар сокини кишвар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он, ки ҳадафи асосии он пешрафи хоҷагии халқ иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар мебошад, новобаста аз вазъи иҷтимоии худ кореро анҷом диҳад. Дар ҳамин ҳолат мо метавонем дар ҷомеа пешрафтро амалӣ намуда, зиндагии шоистаи худро таъмин созем.

Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифта, ҷамъомадагон аз ҷониби мавсуф ба суолу дархостҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg