Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ШИРИ МОДАР – ХАЗИНАИ ТИЛЛОИИ РУШДИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Ҳифзи сиҳатии модарон ва кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурусть ва ҳифзи иытимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин самт дар мамлакатамон заминаҳои меъёрию ҳуқуқии зиёде мавҷуданд, ки онҳо тадриҷан амалӣ шудаистодаанд. Қисми таркибӣ ва асоси инкишофи кӯдакони хурдсолро ғизодиҳии табии ё синамаконӣ ташкил медиҳад. Шири синаи модар ин ҳадяи Худованд барои ҳамаи мавҷудоти ширмак аст, ки рушди баъдина аз истеъмоли ин ғизои комилан солим вобастагӣ дорад. Ягон ғизои кӯмакӣ ё сунъӣ, ки дар корхонаҳои пешрафтаи ҷаҳон истеҳсол мешавад таркиб ё фоиданокии шири модарро иваз карда наметавонад. Дар таркиби шири модар моддаҳои кимёви нодир мавҷуд аст, ки алоқаи наздики хешу таборӣ бо таркиби ҳуҷайра ва бофтаҳои кӯдак дорад.

Таркиби шири модар дар давраи маконидан бо мурури камолоти узвҳои ҳозимаи тифл якчанд маротиба дигар мешавад. Дар ду се рӯзи аввали пас аз таваллуд фалла-моеъи ғафси зарчатоб ҳосил мешавад. Таркиби фалла аз сафеда ва модаҳои минералӣ бой буда, чарбу ва корбогидратҳо бошанд камтаранд. Таркиби шири фалла бо сафедаҳои зардобаи хуни кӯдак бисёр шабеҳи дорад ва аз ҳамин сабаб бисёр осон ҷабида ва пурра аз худ карда мешавад. Пас аз  рӯзи сеюми маконидани шири даргузар ҳосил мешавад, ки дар он сафедаҳо ба миқдори кам вале ҳиссаи чарб ва карбогидрадҳо зиёд аст. Сафедаҳои шири модар сафедаҳои хунобаи осон ҳазмшаванда бо албуминҳо ва глобулинҳо мебошанд. Чарбуҳои шири модар то 90-95%  ҷабида мешавад. Ин бисёр эмулсияи тунук мебошад, ки аз ҳубобчаҳои чарбугини хӯрдакак иборат аст.

Ферменти липаза, ки махсус, барои ҳазм намудан аст, қисми таркиби шири модар мебошад. Дар чарбуҳои шири синаи модар миқдори зиёди витаминҳои дар равған ҳал шавандаи А ва Е, ки барои рушду инкишофи муқаррарии организм зарур аст, бой мебошад. Карбогидратҳои шири модар хосияти бифидогенӣ дорад, ки дар инкишофи микрофлораи фоидаовари рӯдаи кӯдак мусоидат мекунад. Омилҳои ҳифзкунандаи моддаҳои махсуси фаъоли иммунологи низ хосияти беҳтарини шири модар ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи маълумотҳо кудаке, ки ғизои синаи модарро мегирад дар 12-моҳагӣ роҳгард мешавад. Ширмакони бармаҳал инчунин, ба зиёдшавии шир дар мӯҳлати баъдина мусоидат менамояд. Дарҳол баъди таввалуд кӯдакро ба рӯи шиками модар гузоштан бисёр муҳим мебошад. Алоқаи пуст ба пусти модар ва кӯдак ба ӯ имконият медиҳад, ки меҳри модарро ҳис намояд.

Нишонҳои гуруснамонии кӯдак хеле пештар маълум мешавад. Ӯ сарашро мегардонад, даҳонашро калон мекушояд, забонашро мебарорад, ангуштонашро мемакад. Кӯдаконе, ки то сини 6-моҳагӣ синаи модарро мемаканд аз чунин бемориҳо ҳифз мешаванд; Бемориҳои меъдаю руда, бемориҳои шадиди роҳи нафас, сироятҳои роҳҳои пешобгузар, сирояти гӯш, бемории диабети қанд, аллергия ва камғизоӣ.

Бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур тавсия дода мешавад, ки кӯдакони то сини 6-моҳа ба комилан синамаконӣ ва кӯдакони аз 6-моҳа то 2-сола синамаконӣ бо додани якҷояи ғизо кӯмаки амалӣ карда шавад. Барои мунтазам ҳосилшавии шири модар истеъмоли ғизои солим аз фоида холи нест.

А.Р. Одинаев узви ҲХДТ, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими деҳоти Кӯлоб

Ғ. Мирзоев,  узви ҲХДТ, мутахассиси Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими деҳоти Кӯлоб.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg